Афзалияти ҳамкорӣ бо ширкат

Яке аз принсипҳои асосии ширкати мо шарики боэътимод будан ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд доштан аст, ки аз як тараф инкишофи бизнеси ширкатро муҳайё месозад, аз тарафи дигар фаъолияти шарикони моро инкишоф медиҳад.

Афзалияти ҳамкорӣ бо ширкат
• Ширкати аз ҷиҳати молиявӣ устувор
• Таҷрибаи кории бисёрсола дар Тоҷикистон ва дар бозорҳои байналхалқӣ
• Фаъолияти бисёрсамта – имконияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун
• Доштани инфрасохтори замонавӣ дар соҳаи тиҷорат, истеҳсолот ва нақлиётию логистикӣ
• Ҳайати мутахассисоне, ки метавонанд дар муддати кӯтоҳтарин, дуруст ва боихтисос қарор қабул намоянд
• Доимо бодиққат будан дар сифати баланди молу хизматрасониҳои таҳвилшаванда, назорати доимӣ дар ҳамаи марҳилаҳо
• Доштани алоқаҳои васеъи тиҷоратӣ ва эътибори баланд байни ҷомеаи соҳибкорон