Хизматрасонии нақлиётию логистикӣ

Соҳаи хизматрасонии нақлиётию логистикии ширкати «Роҳи Сомон» дар бозори Тоҷикистон аз соли 2009 фаъолият мебарад ва яке аз калонтарин интиқолкунандаи бор ба ҳисоб меравад.

«Роҳи Сомон» дар боркашонии нақлиётии байнахалқӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, ИДМ (Руссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғ.) хизмат мерасонад, ҳангоми зарур шудан мизоҷони худро дар ин кишварҳо ҳамроҳӣ менамояд.

Ширкат дорои ҳамаи инфрасохтори зарурӣ барои хизматрасонии нақлиётию логистикӣ мебошад. Идораҳои соҳаи нақлиётии «Роҳи Сомон» дар ҳудуди Тоҷикистон ва хориҷа ҷойгир шудаанд: Аморати Муттаҳидаи Араб, Хитой ва Туркия. Парки нақлиётии ширкат дорои 20 адад нақлиёти боркашон аст. Дар Тоҷикистон, Туркия, Хитой ва Аморати Муттаҳидаи Араб марказҳои логистикии (анборҳо) ширкат мавҷуданд.

Аз рӯзҳои аввали фаъолият ширкат дар муддати кӯтоҳ маҳсулотро ба мизоҷон расонида, худро ҳамчун боркашони боэътимод ва бомасъулият тавсия намуд. Бо шарофати ин имрӯз ширкат дорои базаи устувори мизоҷон аз шумораи соҳибкорон ва ширкатҳои Тоҷикистон мебошад.