Дар бозори хӯроквории Тоҷикистон ширкати «Роҳи Сомон» дар дистрибютсияи маҳсулотҳои хӯрокворӣ фаъолона корбарӣ менамояд ва яке аз пешқадамтарин таҳвилкунандагони маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва молҳои ниёзи мардум ба ҳисоб меравад.
Ба шарофати шарикон ва мутахассисон дар соҳаҳои воридот, фурӯш ва дистрибутсияи маҳсулотҳои хӯрокворӣ, ширкат тавонист дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон шабакаи дистрибутсияи рақобатпазирӣ худро бо базаи устувори мизоҷон барпо намояд.
«Роҳи Сомон» ба бозори Тоҷикистон равғани растанӣ, шакар, ярма, макарон, афшураҳо, нӯшокиҳо, қаннодӣ, банан ва дигар маҳсулотҳои хӯроквориро бо нархҳои дастрас аз пешқадамтарин истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони хориҷӣ таҳвил менамояд. Сифати маҳсулот ба меъёрҳои байналхалқии амнияти озуқаворӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар таҳвилу фурӯши маҳсулотҳои худ ширкат ҳуқуқҳои эксклюзивиро дорад.
«Роҳи Сомон» бо зиёда аз 20 ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ менамояд, ба монандӣ: DON CARLOS FRUIT S.A. DONFRUIT (Эквадор) – таҳвилкунандаи банан; «Юг Руси» ва Заводи Равғанбарории «Кристалл» (Руссия) тамғаҳои тиҷоратии «Аведовъ», «Злато», «Русское масло» – истеҳсолкунандагони равғани растанӣ; «Слуцкий сахарорафинадный комбинат» (Белорусия), «Астарта-Киев» (Украина) ва «Продимекс» (Руссия) – истеҳсолкунандаи шакар; Aqua Life (Ӯзбекистон), бренди «НАПИТКИ ИЗ ЧЕРНОГОЛОВКИ» ва «InterSok» (Ӯзбекистон) – таҳвилкунандаи нӯшокиҳои беалкогол. Маҳсулотҳои «InterSok», ки истеҳсолкунандаи афшураҳо аз меваҳои табиӣ зери бренди «СОЧНАЯ ДОЛИНА», «ВИКО», «ПРОСТО СОК» ва «АП» мебошанд, дар байни аҳолии Тоҷикистон хеле шуҳрати зиёд доранд.
Ширкати «Роҳи Сомон» мунтазам эҳтиёҷоти бозори маҳсулотҳои хӯрокаро омӯхта, бо назардошти таҳқиқҳои худ хелҳо ва брендҳои маҳсулотҳои навро ҷорӣ менамояд.
Ширкат барои пешниҳодҳо, робитаҳои корӣ бо истеҳсолкунандагони нав, шарикон ва таҳвилкунандагони озуқаворӣ барои ҳамкории мутақобилан муфиди дарозмӯҳлат кушода аст.