Таҳвили гандум
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти «Роҳи Сомон» ин таҳвили гандум мебошад. Ширкати «Роҳи Сомон» мизоҷони худро бо гандуми озуқавории босифат таъмин намуда, ба амнияти озуқаварии кишвар саҳми худро мегузорад,
Ширкат бо таҳвилкунандагони пешқадами гандум аз Казоқистон дар асоси ҳамкории дарозмуддат фаъолият мебарад, ба монанди: «Корпорация АПК-Инвест», «Алиби Агро», «КазЭкспортАстык», Корхонаи муштараки «Дэн», «Логос грейн», «Olzha Trade House», «Мизами Трейд», «Грейн Сервис», «Агро Объединение Золотая Нива», «Болекагро», «AIC-INVEST» ва «Тошкент дон махсулотлари» (Ӯзбекистон).
Ширкат яке аз иштирокчиёни пешқадами бозори зироатҳои ғалладонагӣ дар Тоҷикистон буда, базаи устувори харидорони худро дорад. Сиёсати дурусти хариди гандум ва кори босифати кормандони ширкат имкон дод, ки саҳми бозории ширкат аз 12,9 фоиз дар соли 2015 то 19,9 фоиз дар соли 2017 афзоиш ёбад. Ширкати “Роҳи Сомон” дар бозори гандум дорои шӯҳрати баланд буда, ҳамчун таҳвилкунандаи боэътимоди гандуми босифат ба мизоҷон маълум аст. Ширкат нақша дорад, то ҳаҷми таҳвили гандумро афзоиш диҳад.
Ҳамаи шароитҳо барои таҳвил, нигоҳдорӣ ва фурӯши гандум муҳайё карда шудааст. Дар ихтиёри ширкат анбор барои нигаҳдории ғалладона бо иқтидори 11 000 тонна ғалла, ки бо таҷҳизоти баландсифат муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки то сатҳи зарурии ҳарорат ва намӣ нигоҳ дошта шавад, хати роҳи оҳан, лаборатория, минтақаи баркашӣ ва дигар инфрасохторҳои зарурӣ мавҷуд аст.
Таҳвили биринҷ
Биринҷ яке аз маҳсулоти асосии хӯроки миллии тоҷикон ба шумор меравад. Бо назардошти ин, ширкати «Роҳи Сомон» аз соли 2016, таҳвили биринҷро аз истеҳсолкунандагони пешрафтаи Қазоқистону Русия ба бозори озуқавории Тоҷикистон оғоз намуд.
Таҳвили биринҷ аз тарафи ширкат тамоми қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегирад, ширкат таҳвили яклухти биринҷро тавассути шабакаи фурӯши худ ба роҳ мондааст.
Шарикони ширкат дар таҳвили биринҷ ин истеҳсолкунандагони пешқадами биринҷ ба монанди «Абзал и Компания», «Най Мир», «РЗА-АГРО» (Қазоқистон) ва Агрофирма «Приволье» (Руссия) мебошанд.