Таҳвили маҳсулотҳои нафтӣ

Таҳвили яклухти маҳсулотҳои нафтӣ яке аз самтҳои ояндадори ширкати «Рохи Сомон» ба шумор меравад. Ширкат ин фаъолиятро дар асоси шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории хусусии худ аз моҳи майи соли 2017 тараққӣ дода истодааст.

Дар муддати кӯтоҳ, ширкати «Роҳи Сомон» таҳвили бевоситаи маҳсулотҳои нафтии босифатро аз пешқадамтарин коркардкунандагони корхонаҳои нафтии Руссия ба монанди: «Орский нефтеперерабатывающий завод», ҶС «Форте Инвест» ва ғ. ташкил карда, яке аз калонтарин таҳвилкунандаи маҳсулотҳои нафтӣ дар Тоҷикистон гардид. Ҳиссаи бозории ширкат дар соли 2017 тақрибан 8% буда, яке аз се пешқадамони бозор ба ҳисоб меравад. Ширкат нақша дорад, дар ояндаи наздик ҳаҷми таҳвили маҳсулотҳои нафтиро зиёд намояд.

Бо шарофати кормандони боихтисос дар соҳаи фурӯш, таҳлили ҳаррӯзаи фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулотҳои нафтӣ, стратегияи дурусти нархгузорӣ ва номгӯи маҳсулот ширкат тавонист, ки дар тамоми миқёси Тоҷикистон базаи устувори мизоҷони худро аз ҷумлаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва ширкату ташкилотҳои калонтарин ташаккул намояд.

«Роҳи Сомон» тамоми инфрасохтори заруриро барои бизнеси муваффақ дорад. Иқтидори умумии анборҳо барои нигоҳдории маҳсулотҳои нафтӣ ва гази моеъ 5,0 ҳаз.тоннро ташкил медиҳад, анборҳои нав сохта шуда истодаанд. Ширкат барои интиқоли маҳсулотҳои нафтӣ 4 адад нақлиёти махсусро дорад. Ҳамаи маҳсулотҳои нафтии таҳвилшаванда, аз назорати сифати лабораторӣ мегузаранд.

Ширкат барои пешниҳодҳои таҳвили маҳсулотҳои нафтӣ дар Тоҷикистон кушода буда, тайёр аст, ки маҳсулотҳои нафтиро ба кишварҳои ҳамсоя реэкспорт намояд.