Ғояи бренди «Роҳи Сомон»

Ширкати «Роҳи Сомон» ба ифтихори нахустин асосгузори давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ки дар давраи идоракунии ӯ соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди иқтисодиёт, фарҳанг ва идоракунии давлат ба дастовардҳои баланд расида буданд.

«Роҳи Сомон» – ин роҳи дурахшони аҷдодони мо, роҳе, ки барои рушди Тоҷикистон тавассути бурдани бизнеси муваффақ ва масъул дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт равона шудааст.

Логотипи ширкати «Роҳи Сомон», Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати тоҷиконро дар аспи тавоно, ки ба дастовардҳои нав баҳри ободии ватан талош карда истодааст инъикос менамояд.

Муассис: Хусаинов Нуриддин

Дурнамо ва арзишҳо

    • «Роҳи Сомон» ин ширкати тиҷоратии зуд инкишофёфтаистода, аз ҷиҳати иҷтимои масъул, пешсаф дар тамоми соҳаҳои фаъолияти худ мебошад.
    • Мо бо шарикон ва мизоҷони худ дар саросари ҷаҳон, дар асоси ростқавлӣ, шаффофӣ ва ҳамкории дарозмуддат баҳри ободии Тоҷикистон фаъолият мебарем.

Арзишҳо ва принсипҳои мо

  • Муносибати сазовор ва боэҳтиромона ба шарикон ва мизоҷон
  • Риояи қонунҳои амалкунанда, мувофиқат кардан ба меъёрҳои давлатӣ ва корпоративӣ
  • Ташаббуснокӣ, самимиятнокӣ, некхоҳӣ, майл ба рушд ва ҳамкорӣ
  • Кор дар як тим, самаранокӣ ва ҳама вақт бо сифати баланд
  • Фоъолияти шаффоф, иҷро намудани ӯҳдадориҳои корӣ дар назди шарикон ва мизоҷон, ҳамкории мутақобилан судманд
  • Масъулияти иҷтимоӣ дар назди ҷомеа ва эҳтироми анъанаҳои мардум