Шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

Дар баробари рушди таҳвили яклухти маҳсулотҳои нафтӣ, ширкати «Роҳи Сомон» фурӯши чаканаи маҳсулотҳои нафтиро тавассути шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ зери бренди «Роҳи Сомон» фаъолона тараққӣ дода истодааст.

То имрӯз дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон 6 адад нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат фаъолият мебарад, боз як адад барои истифодабарӣ омода шуда истодааст, сохтмони боз се адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рафта истодааст. Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкат бо истифодаи технологияҳои пешқадам сохта шуда, ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ширкат дорои 11 қитаъи замин буда, дар давоми солҳои 2018-2022 сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар нақша дорад. Ҳаҷми умумии ғунҷоиш барои нигоҳдории маҳсулотҳои нафтӣ дар нуктаҳои фурӯши сузишвории «Роҳи Сомон» зиёда аз 6500 м3 -ро ташкил медиҳад.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Роҳи Сомон» барои мизоҷон ҳамаи намуди сӯзишворӣ – бензин, гази моеъ ва сузишвории дизелӣ пешниҳод карда мешавад, захираҳои зарурии сӯзишворӣ аз тамғаҳои маъмултарин мунтазам нигоҳ дошта мешаванд.

Маҳсулоти фурӯхташаванда дар марҳилаи интиқол, кашонидан, нигоҳдорӣ аз назорати лабораторӣ гузаронида шуда, баъд ба фурӯш роҳ дода мешавад. Сӯзишворие, ки аз тарафи пешқадамтарин истеҳсолкунандогони Руссияву Қазоқистон таҳвил карда мешавад, ба ҳамаи меъёрҳо мувофиқ буда, ба фаъолияти муҳаррик таъсири мусбӣ дорад. Аз моҳи ноябри соли 2016 дар шабакаҳои нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Рохи Сомон» фурӯши сӯзишвории дизелии ЭКТО ба роҳ монда шудааст, ки дорои хусусияти беҳтарини эксплуататсионӣ ва экологӣ аст.

Дар нуқтаҳои фурӯши сузишвории «Роҳи Сомон» ба меъёрҳои баланди хизматрасонии корпоративӣ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад, ки ба меъёрҳои ҷаҳонии эътимоднокӣ, бехатарӣ ва эстетикӣ ҷавобгӯ мебошанд. Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар мавқеи қулайи даромад ва баромад ҷойгир буда, дар онҳо системаи автоматикунонидашудаи ҳисоб ҷорӣ карда шудааст, ки мизоҷон метавонанд пардохтро бо корти бонкӣ ба анҷом расонанд, инчунин минимаркет, автокимё, СТО ва ғ. хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд. Ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ обод мебошад.

Ба шарофати хизматрасонии хуб, нархҳои дастрас ва сифати хуби сӯзишворӣ, мизоҷони ширкат ҳам байни аҳолӣ ва ҳам дар байни муштариёни корпоративӣ зуд афзоиш ёфта истодаанд.

Дар шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Роҳи Сомон» намудҳои зерини сӯзишвории автомобилӣ дар фурӯш аст:
• бензини автомобилии АИ-92-К5-Евро
• бензини автомобилии АИ-95-К5-Евро
• сӯзишвории дизелии автомобилӣ
• сӯзишвории дизелии ЭКТО
• гази моеъ

Мӯҳтарам мизоҷон, барои бастани шартномаи хариду фурӯши маҳсулотиҳои нафтӣ ва гази моеъ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки шакли зерини фармоишро пур намоед, пас аз он мо бо шумо зуд дар тамос мешавем: