Масъулияти иҷтимоӣ

Аз оғози таъсисёбӣ, ширкат фаъолияти худро бо назардошти масъулияти иҷтимоӣ дар назди ҷомеа, бо афзалиятҳои рушди миллии Тоҷикистон инкишоф медиҳад.

Ширкат ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа тавассути пардохти маблағҳо ба буҷет, хайрия ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, ширкати «Роҳи Сомон» ба масъалаҳои ҳифзи саломатии кормандон, бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунад.

Пардохт ба буҷа

Ширкати «Роҳи Сомон» яке аз калонтарин андозсупорандагон дар кишвар ба ҳисоб меравад. Аз тарафи ширкат дар шакли  пардохтҳои андоз, гумрук ва дигар пардохтҳо дар солҳои 2012-2017 ба буҷаи давлат 235,5 млн. сомонӣ ё 41,2 млн. доллари ИМА пардохт карда шудааст. Аз сол то сол, бо афзоиши миқёси фаъолият, пардохтҳои ширкат ба буҷа босуръат афзуда истодаанд.

Хайрия, саҳм дар рушди ҷомеа

Ширкат ба хайрия диққати калон медиҳад, ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва миллиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ширкат барои дастгирии табақаи аҳолии ниёзманд – оилаҳои камбизоат, маъюбон, пиронсолон ва ятимон, шахсоне, ки ба кӯмаки тиббӣ ниёз доранд,  кӯмаки мунтазами моддӣ мерасонад.

Ширкат ташаббуси шарикони худро оид ба рушд – мақомотҳои маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ ва байналхалқӣ, ки бо онҳо даҳҳо лоиҳаҳо дар ҷодаи рушд ва дастгирии варзиш, тандурустӣ, маориф, ободии ҷамъият ва дастрасии оби тоза татбиқ менамоянд, дастгирӣ менамояд.

Ширкати «Роҳи Сомон» дар ҳамкорӣ бо шабакаи клиникавии тиббӣ «Луқмони Ҳаким» ба табақаи аҳолии ниёзманд дар гирифтани муолиҷаи босифат мусоидат менамоянд.

Ширкати «Роҳи Сомон» резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳидро дар бораи «Фаъолияти байналмиллалии даҳсола «Об барои рушди устувор», «дар солҳои 2018 – 2028», ки бори аввал аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об пешниҳод гардида буд, дастгирӣ менамояд. Ҳамин тариқ, соли 2017 дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон, лоиҳаи дастрасии аҳолӣ бо оби тоза дар деҳаи Гулободи ҷамоати ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ татбиқ карда шуд.

Инчунин ширкат гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ оид ба боксро байни кӯдакон ва наврасон доимо дастгирӣ менамояд. Махсусан, «Роҳи Сомон» дар гузаронидани мусобиқаи байналхалқии ҳарсола оид ба бокс, ки ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Маруф Хусейнов бахшида шудааст, мусоидат мекунад.

Шарикони мо оид ба хайрот ва рушди ҷомеа:

  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати мудофиаи Тоҷикистон
  • Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
  • Идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд
  • Муассисаи давлатии «Мактаби омодагии олимпӣ» дар шаҳри Хуҷанд
  • Муассисаи давлатии «Хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд»
  • Муассисаи давлатии «Хона – интернат барои пиронсолон ва маъюбон» «Деҳмой» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов»
  • Хонаи кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд
  • Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
  • Шабакаи клиникавии тиббӣ «Луқмони Ҳаким»
  • Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гимназияи Сафина»
  • Паноҳгоҳи муваққатии маркази занон «Гулрухсор»
  • Ташкилотҳои ҷамъиятӣ – «Сипарони Ватан», «Нумӯи Сайхун» ва ғайра.

Лоиҳаи таълимӣ

Муассисаи таълимии «Гимназияи Сафина» бо омӯзиши амиқи забони олмонӣ яке аз лоиаҳои иҷтимоии «Роҳи Сомон» ба ҳисоб меравад. «Гимназияи Сафина» соли 2010 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуда, хонандагонро бо сифати баланди дониши замонавӣ таъмин менамояд. Мактаб барои 500 хонанда пешбинӣ шуда, дар он 41 омӯзгорони баландихтисос аз фанҳои асосӣ дарс мебаранд.

Қисми зиёди хонандагони гимназияро кӯдакони лаёқатманд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ятимон, ки ба таври ройгон ё дар асоси имтиёзҳо таҳсил мекунанд ташкил медиҳад.

Гимназия дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ мебошад. Дорои 10 синфхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 2 лаборатория (химия, физика), китобхона, ошхонаи муҷаҳҳаз бо 180 ҷойи нишаст ва 2 майдончаи варзишӣ (волейбол, футбол, баскетбол), инчунин системаи мутамаркази гармидиҳӣ мебошад.

Таълим бо забони русӣ буда, ҳатман бо барномаи таълимии забони давлатӣ, бо омӯзиши амиқи забони олмонӣ сурат мегирад.

«Гимназияи Сафина» бо СФА (хадамоти таълимии муштарак дар хориҷа) ҳамкорӣ менамояд. Хатмкунандагони гимназия метавонанд шаҳодатномаи дарҷаи В1 ва С1- ро гиранд, ки ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Олмон шинохта мешавад.

«Гимназияи Сафина» бо мактаби олмонии Гезамтшуле – Трир (Gesamtschule Trier, http://www.gymnasium-safina.de/partnerschulen/gesamtschule-trier.html), ки дар шаҳри Трири Германия воқеъ аст, ҳамкории зич дорад. Ҳар ду сол мактабҳо, барои шиносои бо шаҳрҳо, урфу одат ва анъанаҳои якдигар бо хонандагони худ мубодила менамоянд. Ҳар сол барои ҳамкорӣ дар гимназия омӯзгорони таҷрибаомӯз аз Германия даъват карда мешаванд. Дар айни замон дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Олмон 21 нафар хатмкунандагони «Гимназияи Сафина» таҳсил мекунанд.

Байни хатмкунандагони мактаб дорандагони медали тилло зиёданд.

Шумораи зиёди хонандагони «Гимназияи Сафина» ғолиби олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд.

Суроғаи Гимназияи Сафина: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Б. Гафуров, ҷамоати Ёва, кӯч. Пахтакор 8, Телефон: +992 92 733 18 88