Фаъолияти ширкат

«Роҳи Сомон» ин гурӯҳи ширкатҳо буда, дар соҳаҳои гуногуни бизнес фаъолият менамояд:
• Таҳвили зироатҳои ғалладона
• Таҳвили маҳсулотҳои нафтӣ
• Фурӯши маҳсулотҳои нафтӣ тавассути шабакаҳои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ
• Дистрибютсияи маҳсулотҳои хӯрокворӣ
• Хизматрасонии нақлиётию логистикӣ
• Кишоварзӣ

Ширкати «Роҳи Сомон» моҳи ноябри соли 2009 таъсис ёфтааст. Саридораи ин ширкат дар шаҳри Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад. Ширкат дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Руссия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Туркия намояндагии худро дорад.

Бо шарофати роҳбарияти ботаҷриба, дастаи муттаҳид, риояи арзишҳои корпоративӣ ва принсипҳои қабулнамуда, «Роҳи Сомон» тӯли солҳои фаъолияти худ дар бозор тавонист, ки миқёси бизнеси худро васеъ намояд, дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти худ пешсаф гардад, дар байни ҷомеаи корӣ шӯҳрати баланд пайдо намояд ва боварии шарикону мизоҷонӣ худро ба даст оварад.

Дар чорчӯбаи фаъолиятҳои бисёрсамтаи бизнеси худ, ширкат бо зиёда аз 50 ширкатҳо, ки дар 15 кишвари дунё ҳамкорӣ менамояд, аз ҷумла: Туркия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб, Швейтсария, Эквадор, Руссия, Украина, Белорус, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва ғ.

«Роҳи Сомон» аъзои Палатаи Савдо ва Саноатии Тоҷикистон буда, дар ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо, бизнес – форумҳо ва конфронсҳои гуногуни баналмиллалӣ иштирок намуда, ҷомеаи бизнеси Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.

«Роҳи Сомон» бо ширкати пешсафи ҷаҳон дар соҳаҳои хизматрасонии инспексионӣ, экспертизӣ, санҷиш ва сертификатсия – SGS ҳамкорӣ менамояд.

«Роҳи Сомон» бо «Argus» — ширкати мустақили пешқадам оид ба нархгузорӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар фаъолияти тиҷоратии худ ширкат нархгузориҳо ва таҳлилҳои байналмиллалии бозорҳои молию-ашёвии «Argus» -ро истифода мебарад.

Барои ҷалби сармоягузории муфид «Роҳи Сомон» бо ширкати Шветсариягии «Inoks Capital» ҳамкорӣ мекунад.