Кишоварзӣ

Тоҷикистон иқлими беҳамто барои парвариши мева ва сабзавотро дорад. Маҳсулоти тару тозаи мевагию сабзавотӣ аз Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги содиротӣ буда, дар бозорҳои кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур талаботҳои зиёд дорад. Инро ба назар гирифта, «Рохи Сомон» соли 2013 дар ноҳияи Б.Гафурови ҷамоати Сомғар парвариши боғи мевагиро ба роҳ монд. Дар ҳудуди 92 гектар меваҳои анъанавии донакдор: зардолу, шафтолу ва бодом шинонда шудаанд.

Барои обёрии боғ технологияи обёрикунии қатрагӣ истифода бурда мешавад, инчунин боғ чоҳ ва насоси обии худро дорад. Ҳудуди боғ кубудизор ва обод мебошад.

Боғ бо тамоми иқтидори худ дар соли 2020 ба фаъолият шурӯъ менамояд, ҳамасола гирифтани зиёда аз 1 000 тонн мева дар нақша аст. Дар оянда ширкат нақша дорад, дар заминаи боғи мевадиҳанда, як сехи консервабарорӣ барои коркарди ҳосили боғ ташкил намояд.