16 ноябри соли 2018 – рӯзи таърихан муҳим барои ҳамаи Тоҷикистониён

Ширкати «Рохи Сомон» Тоҷикистониёни азизро бо рӯйдоди таърихан муҳими ҳаёти кишварамон табрик намуда, ба ҳама хушбахтӣ, тансиҳатӣ ва комёбиро орзу менамояд! Ин рӯзи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар арафаи ин рӯйдодҳои муҳим яке аз шаш гидроагрегатҳои НОБ-и “Роғун” барои истифодабарӣ супурда мешавад. Бигзор НОБ-и “Роғун”, ки ифтихори миллии Тоҷикистон мебошад, барои пешрафт ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии кишварамон хизмат намояд.