Ширкати «Роҳи Сомон» ҳамаро бо иди байналмиллалии Наврӯз муборакбод менамояд!
Наврӯз яке аз ҷашнҳои хурсандиовар, пурнур ва қадимтарин буда, омади баҳор ва эҳёи табиатро инъикос менамояд, ки ҷаҳони маънавӣ, тарзи ҳаёт, шафқат, инсонигарӣ ва зебоипарастии халқи моро таҷассум мекунад. Наврӯз яке аз идҳои миллии мо мебошад, ки дилҳоро бо ҳамдигар муттаҳид сохта, хурсандӣ меоварад.
Ҳамаро бо иди Наврӯз муборакбод менамоем! Ба ҳама хурсандӣ, хонаи обод, осмони соф, дастархони пур аз нозу неъмат ва табъи болидаро хоҳонем!