«РОҲИ СОМОН» – САПАРАСТИ КОНФРОНСИ MIDDLE EAST GRAINS & OILS CONGRESS

«Роҳи Сомон» – сапарасти конфронси Middle East Grains & Oils Congress, ки 11 – 12 марти соли 2019 дар ш. Қоҳира, Миср баргузор мегардад.
Миср яке аз калонтарин бозорҳои фурӯш ва воридкунандаи зироатҳои ғалладонагӣ ва равғанӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳар сол саҳми худро дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш дода истодааст.
Мавсими 2018/19 – ин озмоиши дигар барои ҳамаи иштирокчиёни бозорҳои зироати ғалладонагӣ ва равғанӣ мебошад. Middle East Grains & Oils Congress имконияти хеле хубро барои муҳокимаи воқеаҳои асосии мавсим, сабаб ва оқибатҳои он медиҳад, инчунин пешгӯии вазъи маркетингии соли ояндаро таъмин менамояд.
Иштирокчиёни конфронс: ширкатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, коркардкунандагон, воридкунандагон, ширкатҳои инспексионӣ ва логистикӣ, бонкҳо, ширкатҳои давлатӣ, ширкатҳои муҳандисӣ, брокерҳо, ассотсиатсияҳои саноатӣ ва ғ.