Дар моҳи шарифи Рамазон, «Роҳи Сомон» ба аҳолӣ ордро бо нархи арзон пешниҳод менамояд

Рамазон моҳи амалигардонии ниятҳои нек ва корҳои хайру савоб мебошад.

Дар давоми моҳи шарифи Рамазон, дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка гузаронида шуда истодааст. Дар ин ярмарка, ширкати «Роҳи Сомон» барои аҳолӣ нуқтаи фурӯши ордро бо нархи арзон пешниҳод карда истодааст. Ҳамин тавр, нархи халтаи орди навъи якум нисбат ба нархи бозорӣ арзонтар ба фурӯш монда шудааст, яъне на ин ки 125 сомон, балки бо нархи 110 сомонӣ.