Корманди ширкати «Роҳи Сомон» дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Рахмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иштирок намуд

12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Рахмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур корманди ширкати «Роҳи Сомон» дар назди  Пешвои миллат ва аҳли ҷомеа баромад намуд. Зимни баромади худ  ӯ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату ҳукумат изҳори  миннатдорӣ намуд ва иқдоми Пешвои миллатро оиди захира намудани хӯроки чорво дастгирӣ намуда, сохта ба истифода додани як пулро аз тарафи ширкат дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар мавзеи «Алами Оламиён» баён намуд. Ҳангоми сохта ба истифода додани пули мазкур, аҳолии 10 деҳаи мавзеи мазкур имконият пайдо мекунанд, то ки ба чарогоҳе, ки масоҳати он зиёда аз 1000 гектар мебошад, истифода баранд.

Ҳамзамон, ширкати «Роҳи Сомон» тасмим гирифт, ки як адад мактаби замонивиро дар заминаи бинои садамавии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 18 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Лангари деҳаи «Деҳавз» сохта ба истифода диҳад.