«Роҳи Сомон» ҳамчун сарпарасти молиявӣ дар конфронси байналхалқии зироатҳои ғалладона «KazGrain 2018» баромад намуд

16 марти соли 2018 дар шаҳри Астанаи Қазоқистон конфронси байналхалқии зироатҳои ғалладона «KazGrain 2018» баргузор гардид.
Ширкати «Роҳи Сомон» Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар гузаронидани конфронси байналхалқии мазкур ҳамчун сарпараст баромад намуд.
Ба конфронси байналхалқии зироатҳои ғалладона истеҳсолкунандагони ғалладонаи Қазоқистон, савдогарон ва коркардкунандагон, иштирокчиёни бозори ғалладонаи Руссия, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Гумрук, харидорони гандум ва орд аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиё, коршиносон ва операторони бозори ҷаҳонии гандум, намояндагони илмҳои аграрӣ, ширкатҳои таҳвилкунандагони технология ва таҷҳизотҳои замонавӣ, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, ассотсиатсияҳои саноатӣ даъват карда шуда буданд, ки иштирокчиёни муҳокима дар доираи калонтарин конфронс оиди ғалладона дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардиданд.