«Роҳи Сомон» дар Якумин Ҷаласаи Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон

9 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Якумин Ҷаласаи Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид, ки ширкати «Роҳи Сомон» дар ҷаласаи мазкур иштирок намуд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дида баромада шуд, Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расид, соҳаҳои муҳимтарини шарикии дуҷониба муайян карда шуданд, инчунин бо иштироки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи тиҷоратии Қазоқистон, сохторҳои давлатӣ, доираҳои саноатӣ ва тиҷоратии ду кишвар шартномаҳои мутақобиланд судманд баста шуданд.

Ба пойтахти Тоҷикистон тақрибан 20 корхонаҳои пешқадами Қазоқистон, ки бахшҳои гуногуни иқтисодиётро дарбар мегирифтанд ташриф оварданд, ки ба лоиҳаҳои гуногуни иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои соҳаҳои гуногун ва як қатор соҳибкорону ширкатҳои пешсаф муаррифӣ намуданд.