«Роҳи Сомон» лоиҳаи дастрасии аҳолӣ бо оби тозаро дар деҳаи Гулобод, ҷамоати ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ татбиқ намуд

Ширкати «Роҳи Сомон» резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳидро дар бораи «Фаъолияти байналмиллалии даҳсола «Об барои рушди устувор», «дар солҳои 2018 – 2028», ки бори аввал аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об пешниҳод гардида буд, дастгирӣ менамояд. Ҳамин тариқ, соли 2017 дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон, лоиҳаи дастрасии аҳолӣ бо оби тоза дар деҳаи Гулободи ҷамоати ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ татбиқ карда шуд.