«Роҳи Сомон» – сарпарасти генералии конфронси байналмиллалии KazOil-2018

Ширкати «Роҳи Сомон» дар дуюмин конфронси байналмиллалӣ оид ба равғани хӯрока «KazOil 2018», ки санаи 28-29 ноябр дар шаҳри Астана баргузор мегардад, ҳамчун сарпарасти генералӣ баромад менамояд.
Мавзӯъҳои асосии конфронс:
• Вазъи кунунии бозори равғани хӯрока дар ҷаҳон ва тамоюлоти рушд дар ояндаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат;
• Хусусиятҳои бозори муосири равғани растанӣ. Содироткунандаҳои асосӣ ва бозори фурӯш;
• Трендҳои бозори равғани хӯрокаи Чин зери таъсири омилҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ;
• Бозори равғани растанӣ ва маҳсулоти коркарди Руссия: мавқеъҳо-2018/19;
• Омилҳои пешбаранда ва боздорандаи рушди бозори равғани хӯрокаи Қазоқистон;
• Ташкили зербренди равғани офтобпарасти QazMaі – вусъатдиҳии имкониятҳои содирот;
• Равғанҳои хӯрокаи алтернативӣ: ҳолати кунунӣ ва имкониятҳо барои рушд;
• Асосҳои агротехнологӣ барои рушди соҳаи равғанбарории Қазоқистон.
Шумораи пешбинишудаи иштироккунандагони конфронс – 200+
Иштирокчиени асосии конфронс: истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои равғани хӯрока, агрохолдингҳо, ассотсиатсияҳо, корхонаҳои коркардкунанда, содироткунандагон ва воридкунандагони маҳсулотҳои равғани ва маҳсулотҳои коркарди онҳо, таъминкунандагони захираҳои моддӣ ва техникӣ, таҷҳизот барои нигоҳдорӣ ва кокардӣ маҳсулотҳои равғани хӯрока, ширкатҳои логистикӣ, корхонаҳои таҳлилӣ, бонкҳо, фондҳои инвеститсионӣ, биржаи мол ва брокерҳо.
Ҷуғрофия: Қазоқистон, Русия, дигар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва ИДМ, Чин, кишварҳои Осиё, Аврупо.

apk-inform.com