«Роҳи Сомон» – сарпарасти генералии мусобиқаи Миллии «Enactus Tajikistan 2018»

Ширкати «Роҳи Сомон» сарпарасти генералии мусобиқаи Миллии «Enactus Tajikistan 2018» гардид, ки санаи 16 май дар шаҳри Душанбе Hyatt Regency баргузор гашт.

«Enactus» – ташкилоти байналхалқии роҳбарони бизнес ва донишҷӯён буда, дар он донишҷӯён лоиҳаҳои худро барои ҳалли мушкилотҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ таҳия ва татбиқ мекунанд. Дар баробари амалигардонии лоиҳаҳо, донишҷӯёни «Enactus» маҳорати таҷрибавӣ пайдо менамоянд, сифати пешвоӣ ва кории худро тараққӣ медиҳанд. Дар натиҷа лоиҳаҳои он дастаҳое, ки бомуваффақият ба анҷом мерасанд дар мусабиқаҳои ҳарсолаи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонии «Enactus» пешниҳод карда мешаванд.

Ҳар сол дар ҷаҳон лоиҳаҳои «Enactus» зиёда аз 2 миллион нафарро дар бар мегирад. Мавзӯи лоиҳаҳои «Enactus» ҳамаи 17 самтҳои «Рушди устувор то 2030» – ро, ки аз ҷониби СММ қабул карда шудааст, иҳота менамояд.

Имсол дар мусобиқаи Миллии «Enactus Tajikistan 2018» 6 даста иштирок намуданд. Чемпиони Миллии «Enactus Tajikistan 2018» Донишкадаи Иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гашт.