«РОҲИ СОМОН» – САРПАРАСТИ КОНФРОНСИ GRAIN & MARITIME DAYS IN ODESSA-2018

24-26 май калонтарин конфронс барои мутахассисони соҳаи нақлиёт, интиқол ва савдои байналмилалӣ Grain & Maritime Days in Odessa баргузор гардид. Конфронс зиёда аз 500 иштирокчиёнро аз 40 давлатҳои дунё ҷамъ овард.
Ширкати пешқадами тиҷоратии «Роҳи Сомон», узви Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 17-ум конфронси байналмилалии Grain & Maritime Days in Odessa 2018 ҳамчун сарпараст иштирок намуд.
Мавзӯҳои асосии конфронс, ки манфиатҳои тиҷоратии ғалладона ва тиҷорати баҳриро муттаҳид намуд:
• Рушди бозори гандуми ҷаҳонӣ дар шароити кунунии макроиқтисодӣ ва геополитикӣ
• Омили обу ҳаво ва таъсири он ба тамоюли бозори аграрӣ
• Пешгўии ҳосили ғалладонагиҳо дар мавсими-2018/19: ташаккули талабот ва пешниҳод, тамоюли нархҳо
• Бозори гандуми Украина: тамоюли рушди бозорҳои асосӣ ва алоҳидаи ғалладонагиҳо ва зироатҳои лўбиёӣ
• Рушди бизнеси гандум ва инфрасохтори баҳрӣ / портӣ дар Минтақаи Баҳри Сиёҳ
• Кашонидани ғалладонагиҳо тавассути нақлиёти баҳрӣ: масъалаҳои ҷорӣ
• Мусоҳибаҳои панелии ширкатҳои пешқадами киштигардии Украина ва содироткунандагон
• Ҳисоботҳои коршиносони пешқадами Украина ва созмонҳои байналмилалӣ ва ассотсиатсияҳо, аз қабили FAPRI, BIMCO, LMAA, УЗА, АМЭУ, АМАУ ва ғайра.