Ширкати «Роҳи Сомон» дар Форуми муштараки Сармоягузории соҳибкорони ватанӣ ва Арабистони Саудӣ иштирок намуд

8 майи соли 2018 ҳайати вакилон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибн Мухаммад ал-Бади ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар чаҳорчӯбаи боздид, 9 май дар Маркази миллии таълимии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки Сармоягузории соҳибкорони ватанӣ ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ки ширкати «Роҳи Сомон» яке аз иштирокчии Форуми мазкур буд.

Ҳадафи Форум ин омӯзиши иқтидори инвеститсионӣ ва соҳибкории вилояти Суғд, ҷустуҷӯи шарикони боиқтидор барои ҳамкорӣ дар бахшҳои хусусӣ буд. Инчунин намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд, ки соҳаҳои мухталифи иқтисодро ташкил медиҳанд, ташкил карда шуд. Махсусан, маҳсулотхои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, саноати сохтмонӣ, туризм, ҳунармандӣ ва ғайра, ки боиси таваҷҷӯҳи баланд аз ҷониби меҳмонон гардиданд.