Ширкати «Роҳи Сомон» дар конфронси байналхалқии «Argus бозори Нафту гази Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ 2018»

Аз 27 то 29 июл дар меҳмонхонаи The Ritz-Carlton – и шаҳри Астанаи Казоқистон II–юмин конфронси байналхалқии «Argus бозори Нафту гази Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ 2018» баргузор гардид, ки кормандони ширкати «Роҳи Сомон» дар ин конфронс ширкат варзиданд.

Дар конфронс масъалаҳои асосии бозори инкишофёфтаистодаи Казоқистон бо иштирокчиёни бонуфузи саноати нафту гази Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд. Аз тарафи коршиносон гуфта шуд, ки «Қазоқистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя дар соли 2019 ба 1,2 миллион тонна бензин содир кунад. Ин пас аз имзои қарордодҳои байниҳукуматии махсус имконпазир мегардад».

Дар конфронс кормандони ширкат доир ба «Шарҳи мухтасари бозори маҳсулотҳои  нафтии Тоҷикистон» баромад намуданд. Инчунин, дар давоми конфронс, кормандони ширкат бо истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони маҳсулотҳои нафтӣ муносибатҳои корӣ барпо намуданд.