Ширкати «Роҳи Сомон» варзишгарони ҷавони вилояти Сугдро ҳамчун сарпарасти молиявӣ барои иштирок дар мусобиқа оид ба бокс дар шаҳри Новосибирски Руссия дастгирӣ намуд

Ширкати «Роҳи Сомон» варзишгарони ҷавони вилояти Суғдро ҳамчун сарпарасти молиявӣ барои иштирок дар Мусобиқа оид ба Бокс Бахшида ба хотираи Виктор Семенов дар шаҳри Новосибирски Руссия, барои мукофоти клуби варзишии «Рекорд», ки аз санаи 26 то 29 апрели соли 2018 баргузор гардид, дастгирӣ намуд.

Бо роҳбарии мурабии Шоистаи Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба бокс, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Саидакмал Мукаррамов ва мурабии толори варзишии «Суғдиён» Хуршед Абдуллоев, боксерони ҷавон аз Мактаби Варзишии Олимпӣ ва толори варзишии «Суғдиён» – Бобоҷонов Абӯбакр, Солиев Баҳоваддин, Нурматов Забиршоҳ, Тӯрахонов Аловаддин, Турахонов Баҳоваддин ва Мавлонов Муинхон дар ин мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Ҳамаи варзишгарони ҷавон дар ин мусобиқа ҷойҳои намоенро ишғол намуданд, хамин тавр панҷ нафар аз иштирокчиен ҷойи аввал, Турахонов Баҳоваддин ҷойи дуюм.