Ширкати «Роҳи Сомон» дар «Сеюмин Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ -2018«

Рӯзҳои 13-14 апрели соли 2018 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сеюмин Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ-2018” баргузор гардид, ки мутахассисони ширкати “Роҳи Сомон” дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.
Дар форум намояндагони доираҳои корӣ аз давлатҳои дуру наздик иштирок намуданд.
Ҳадафи гузаронидани анҷумани шартномабандӣ ин таъмин намудани шарикон бо потенсиали минтақаҳои Тоҷикистон оиди истеҳсолот, содироти маҳсулотҳои мевагию сабзавотӣ ва маҳсулотҳои коркарди он, шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулоти меваю сабзавот барои соли 2018 ва солҳои минбаъда.
Дар доираи Форум муҳокимаи ташкили таъминоти маҳсулот, дурнамои рушди соҳа, инчунин гузаронидани вохӯриҳо байни истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон аз Федератсияи Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.